Кофемашина Saeco SM6580/10 - инструкция пользователя по применению, эксплуатации и установке на русском языке. Мы надеемся, она поможет вам решить возникшие у вас вопросы при эксплуатации техники.
Если остались вопросы, задайте их в комментариях после инструкции.
"Загружаем инструкцию", означает, что нужно подождать пока файл загрузится и можно будет его читать онлайн. Некоторые инструкции очень большие и время их появления зависит от вашей скорости интернета.

615
Тоҷикӣ
Барқарорсозии танзимоти аслӣ
Дастгоҳи қаҳва ба шумо имкони барқарорсозии танзимоти пешфарзро дар вақти дилхоҳ пешниҳод
мекунад.
1
Нишони Танзимотро пахш кунед.
2
Барои интихоб кардани «Барқарорсозии танзимоти аслӣ», аз ақрабакҳои боло ва поён истифода
баред. Барои тасдиқ кардани интихоб, нишони OK-ро зер кунед.
3
Барои тасдиқ кардани танзимоти барқарорсозӣ, тугмаи «Оғоз/ист»-ро пахш кунед.
-
Пас аз ин танзимоти дастгоҳ барқарор карда мешаванд.
Танзимоти аслии зерин ба танзимоти пешфарз барқарор карда шудаанд: дараҷаи дуруштии об,
вақти интизорӣ, равшании экран, садо
,
равшании пеш, профилҳо.
Полои обии «AquaClean»
Дастгоҳи қаҳваи шумо полои AquaClean-ро дастгирӣ мекунад. Шумо метавонед полои обии
«AquaClean»-ро ба обдон ҷойгир кунед, то таъми тозаи қаҳваатонро нигоҳ доред. Он инчунин ниёзи
тозакунии оҳаксангеро, ки дар дастгоҳи қаҳваи шумо пайдо мешавад, кам мекунад. Шумо метавонед
полои обии «AquaClean»-ро аз фурӯшандаи маҳаллӣ ё онлайн, марказҳои хизмартасонии расмӣ ё аз
сомонаи мо харида, ба даст оред.
Нишондиҳандаи ҳолати филтри AquaClean
Вақте ки AquaClean фаъол аст, ҳолати филтри AquaClean ҳамеша дар экран ҳамчун фоиз намоён
мешавад.
-
Агар ҳолати филтри AquaClean 10% ё камтар бошад, ҳар дафъае, ки Шумо мошинро фурӯзон
мекунед, экран 2 сония паём нишон медиҳад. Ин паём маслиҳат медиҳад, ки шумо бояд полои
обии навро харед.
-
Агар ҳолати филтр 0% бошад, мошин аз Шумо хоҳиш мекунад, ки ҳар дафъа ҳангоми фурӯзон
кардани мошин филтри AquaClean-ро иваз кунед.
Фаъолсозии полои обии «AquaClean» (5 дақиқа)
Дастгоҳи қаҳва ба таври худкор муайян намекунад, ки агар поло дар обдон ҷойгир шуда бошад.
Бинобар ин, шумо бояд ҳар як полои обии «AquaClean»-и навро, ки ба дастгоҳ насб мекунед, ба
воситаи менюи «Тоза» фаъол созед.
Вақте ки дастгоҳ паёми фаъолсозии полоро дигар нишон намедиҳад, шумо то ҳол метавонед полои
обии AquaClean-ро фаъол созед, аммо аввал шумо бояд дастгоҳи қаҳваро аз оҳаксанг тоза намоед.
Пеш аз оғози истифодаи полои обии «AquaClean», дастгоҳи қаҳва бояд аз оҳаксанг пурра тоза
карда шавад.
Пеш аз фаъолсозии полои обии «AquaClean», шумо бояд онро бо об тар кунед ва аз рӯи дастури
зерин омода созед. Агар шумо ин амалро иҷро накунед, ҳаво метавонад ба ҷойи об дохили дастгоҳи
қаҳва гузарад, овози баланд ба вуҷуд орад ва кори дастгоҳро аз тайёркунии қаҳва қатъ кунад.
1
Нишони «Тозакунӣ»-ро зер кунед ва барои интихоб кардани «AquaClean» ақрабаҳои боло ва
поёнро истифода баред.
2
Барои тасдиқи амал, «ОК»-ро пахш кунед.
3
Вақте ки экрани фаъолсозӣ пайдо мешавад, «ОК»-ро аз нав пахш кунед. Дастурҳои экранро риоя
намоед.
4
Полоро тахминан ба муддати 5 сония ҷунбонед (Расм 23).
Характеристики
Остались вопросы?Не нашли свой ответ в руководстве или возникли другие проблемы? Задайте свой вопрос в форме ниже с подробным описанием вашей ситуации, чтобы другие люди и специалисты смогли дать на него ответ. Если вы знаете как решить проблему другого человека, пожалуйста, подскажите ему :)











