Кофеварка Saeco SM8889/00 - инструкция пользователя по применению, эксплуатации и установке на русском языке. Мы надеемся, она поможет вам решить возникшие у вас вопросы при эксплуатации техники.
Если остались вопросы, задайте их в комментариях после инструкции.
"Загружаем инструкцию", означает, что нужно подождать пока файл загрузится и можно будет его читать онлайн. Некоторые инструкции очень большие и время их появления зависит от вашей скорости интернета.
728
Тоҷикӣ
Фармоиши лавозимот
Барои тоза кардани дастгоҳи қаҳва аз оҳаксанг, танҳо аз маҳсулоти нигоҳдории Philips истифода
баред. Шумо метавонед ин маҳсулотро ба воситаи Amazon Smart Reorders, аз фурӯшандаи маҳаллӣ
ва онлайн ё марказҳои хизмартасонии расмӣ харида, ба даст оред.
Барои имкони истифодаи Amazon Smart Reorders, пеш аз ҳама шумо бояд ин хизматро дар
сомонаи Amazon фаъол кунед. Пас қадамҳои зеринро аз рӯи экрани дастгоҳи қаҳваи худ иҷро
намуда, ҳисоби Amazon-ро ба ҳисоби Saeco пайваст намоед. Пас аз он ки шумо ин қадамҳоро иҷро
мекунед, шумо метавонед аз хизмати Amazon Smart Reorder истифода баред.
Дар менюи «Мағоза» аз рӯи лавҳаи идоракунии дастгоҳи қаҳва, шумо метавонед лавозимот ва
маҳсулоти нигоҳдории Philips-и дастрасро аз фурӯшандагони маҳаллии худ харида, ба даст оред.
Барои ёфтани рӯйхати пурраи қисмҳои эҳтиётӣ аз Интернет, рақами навъи дастгоҳи худро ворид
намоед. Шумо метавонед рақами навъро дар тарафи дохилии даричаи хизматӣ ёфт кунед.
Маҳсулоти нигоҳдорӣ ва рақамҳои он аз рӯи навъ:
-
Воситаи тозакунӣ аз оҳаксанг CA6700
-
Полои обии «AquaClean» CA6903
-
Равғани гурӯҳи тайёркунии қаҳва HD5061
-
Воситаҳои тозакунанда аз равғани қаҳва CA6704
-
Тозакунандаи қунҷҳои низоми шир CA6705
-
Маҷмӯаи нигоҳдорӣ CA6707
Навсозиҳои нармафзор
Барои муҳофизат кардани махфияти худ ва таъмин кардани кори дурусти дастгоҳи қаҳва, навсозӣ
кардани нармафзор ҳеле муҳим аст. Мувофиқи танзимоти шумо дастгоҳи қаҳва метавонад ба таври
дастӣ ё ба таври худкор навсозӣ карда шавад.
Вақте ки шумо навсозиҳои худкорро интихоб мекунед, мутмаин шавед, ки дастгоҳи шумо дар вақти
шаб инчунин ба барқваслак пайваст аст ва Wi-Fi фаъол аст, то ки дастгоҳ тавонад навсозиҳоро
ҳангоми шаб қабул кунад.
Навсозиҳо дастрас мешаванд вақте ки нармафзор такмил дода мешавад, хусусиятҳои нави дастгоҳ
пайдо мешаванд, ва барои пешгирӣ кардани пайдоиши мушкилиҳои имконпазири бехатарӣ.
Навсозиҳои муҳим барои нармафзори доимӣ ба таври худкор оғоз карда мешаванд вақте ки
дастгоҳи қаҳва дар реҷаи интизорӣ кор мекунад. Ҳангоми навсозӣ кардани нармафзори доимӣ,
дастгоҳи қаҳва истифода бурда намешавад.
Ҷустуҷӯ ва ислоҳи нуқсонҳо
Ин боб мушкилоти маъмултаринеро, ки шумо бо дастгоҳ дучор меоед, ҷамъбаст мекунад. Видеоҳои
дастгирӣ ва рӯйхати пурраи саволҳои роиҷ дар сомонаи
www.saeco.com/care
дастрасанд. Агар
шумо натавонед, ки мушкилотро ҳал намоед, бо Маркази хизматрасонии истеъмолкунандагон дар
кишвари худ дар тамос шавед. Барои тафсилоти тамос, ба варақчаи кафолат нигаред.
Носозӣ
Сабаб
Ҳалли мушкилот
Дар дастгоҳи қаҳваи
нави ман боқимондаҳои
қаҳва пайдо шудаанд.
Ҳангоми санҷиши ин дастгоҳ мо
қаҳваи ҳақиқиро истифода
кардем.
Мо дастгоҳи қаҳваро ғамхорона тоза
кардем, аммо дар он ҳиссачаҳои қаҳва
метавонанд боқӣ монанд. Бо вуҷуди ин,
дастгоҳ комилан нав аст.
Характеристики
Остались вопросы?Не нашли свой ответ в руководстве или возникли другие проблемы? Задайте свой вопрос в форме ниже с подробным описанием вашей ситуации, чтобы другие люди и специалисты смогли дать на него ответ. Если вы знаете как решить проблему другого человека, пожалуйста, подскажите ему :)